Соле гузашт: баҳс, нигаронӣ, дастовард, даҳшат..... дар расонаҳо


Соли 2017 ҳам ба охир расид. Соле, ки  бо гардишҳои бузурги сиёсӣ, амниятӣ ва фарҳангиву фановариаш дар таърих сабт хоҳад шуд. Расонаҳо ва журналистони ҷаҳон ҳам дар паҳнои ин тайирот ба тамоюлҳое рӯ ба рӯ буданд, ки махсусиятҳои худро дошт, аз маргу мири журналистон то инъикоси воқеоти муҳими ҷаҳон.




Воқеаҳои сиёсии ҷаҳон, пуртазод шудани муносибатҳои байналимлалӣ, нооромиҳо дар минтақаҳои доғи дунё фазои расонаиро гарм нигаҳ медошт, гоҳе расонаҳо ба сифати ангезанда буданду гоҳо созанда. Вижагии фазои иттилоотӣ дар соли сипаришуда пеш аз ҳама амиқан дар зоҳир шудани ҷангҳои расонаӣ, оғози ҷанги  сард дар шаклҳои наву гуногун, чанддастаӣ гардидани журналистка, мебошад. 
Ба ҳар сурат тамоюлҳои наве, ки соли 2017 дар журналистикаи байнлмилалӣ ба вуҷуд омад, то ҳадди бисёр эҳсосшаванда ба принсипҳои бетарафии матбуот зарба зад, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳо ва гуруҳҳои алоҳида,  идеологияву фарҳангҳои   таҳмилӣ ва яксӯгароӣ дар фаъолияти расонаҳоро боло бурд. Ҳарчанд амалан таҳаввулоти  усуливу техникӣ, гардиши васеи иттилоот ва қонуниятҳои нави касбӣ  дар журналистика ба вуҷуд омад ва  расонаҳои ҷадид дар фазои маҷозӣ ташкил шуданд.

Чанд журналист ба ҳалокат расид?

             Одатан ҳамасола оморои журналистони фавтида дар охири сол аз ҷониби созмони рӯзноманигории дунё тартиб дода мешавад. Имсол нахустин шуда, Созмони Хабарнигорони бидуни марз омори худро пешкаш кард, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле мусбат аст. Ин сомзон мегӯяд, теъдоди журналистҳое, ки дар соли 2017 ба ҳалокат расиданд 65 нафар аст. Ба гуфтаи ин созмон 26 нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифа қурбонии шароити хатарноки мисли зарбаҳои ҳавоӣ, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ё оташи тупхона шуданд. 39 нафари дигар барои хабарҳояшон, ки ба манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ таҳдид мекард, кушта шуданд. Созмон мегӯяд, мисли соли 2016, марги аксари онҳо (60 дар сад) ба фаъолияти кориашон рабт дошт. Теъдоди кушташудаҳо дар муқоиса бо соли гузашта 18 дар сад коҳиш ёфт. Аммо Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, соли 2017 барои журналистони ҳирфаӣ дар 14 соли ахир соли аз ҳама марговар буд. Ин созмон дар шархи коҳиши теъдоди маргҳо мегӯяд, ки журналистҳо аз кишварҳое, ки барояшон хатарнок буд, ба мисли Сурия, Либиё, Яман ва Ироқ берун шуданд. Дар тули 6 соли ахир Сурия бо 12 мавриди ҳалокати журналистон аз ҳама кишвари хатарнок унвон мешавад. Ба думболи Сурия бо 11 куштор Мексика қарор дорад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сиёсатмадорони маҳаллӣ журналистонро террор карданд. Аз кишварҳое, ки дар онҳо ҷанг сурат намегирад, вале хабарнигорон кушта мешаванд, Мексика дар ду соли ахир хатарноктарин номбар шудааст. Теъдоди хабарнигорони кушташуда дар Афғонистон ба 9 нафар мерасад. Дар ҳамин ҳол, ба маълумоти созмони илм ва фарҳанги СММ ё ЮНЕСКО дар 11 соли ахир қариб 930 журналист  кушта шудааст, ки ба ҳисоби миёна дар чор рӯз як журналист ба ҳалокат мерасидааст.

Чеҳраҳои матраҳтарини сол дар муҳитии расонаии ҷаҳон
     Доналд Трамп ва Владмир Путин, президентҳои Амрикову Русия аз шахсиятҳои мартаҳи матбуотӣ ва шахсиятҳои таъсиргузори ҷаҳон боқӣ монданд. Трамп, ки соли дуюм аст, раёсати Амрикоро ба дӯш дорад, бо ҳарфҳо ва мавқеъгириҳои баҳсбарангезаш ҳамеша мавриди назари расонаҳо қарор дошт. Ангела Меркел бошад, дубора мансаби каслерии Олмонро соҳиб шуд, аммо бо нуфузи камтар. Меркел низ яке аз чеҳраи матбуотии сол ба ҳисоб меравад. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон имсол ҳам фосиларо дар муносибатҳои сиёсии кишвараш аз Ғарб нигоҳ дошт. Муносибатҳояшро бо Русия Эрон қавӣ кард ва кӯшиш дорад, ки дар ҷаҳони ислом нуфузашро таҳким бахшад. Ҳамин аст, ки яке аз матраҳтарин сиёсатмадор дар олами иттилоот буд.  Президенти Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳамон якравӣ ва таҳдидҳояш сиёсатмардори расонаӣ боқӣ монд. Имсол ҳамчунин чеҳраҳои нави сиёсӣ ба фазои иттилоотӣ  амиқан ворид шуданд. Ба мисли Эммануэл Макрон, ки дар интихоботи прездентии Фаронса пирӯз омад. Аз ҷавонтарин президентҳо дар олам аст, ки бо мавқеъгириҳои фарқкунандааш бештар вирди забони расонаҳо буд.  Президенти собиқи Зимбабве Роберт Мугабе, ки аз соли 1980 қудратро дар даст дошт, билохир зери фишорҳои зиёд пас 37 соли раҳбарӣ бо синни аз 90 сола боло истеъфо рафт.    Ба ҷои ӯ Эммерсон Мнангагва ба курсӣ такя зад. Ин таҳаввулоти сиёсии Зимбабве низ тобиши зиёди расонаӣ дошт.
Ҳаводисе, ки дар васоити ахбори умуми дунё ҳангома ва тобиши зиёд доштанд
         Одатан ҳодисаҳои гуногунҷанба масоили хабарсоз дар расонаҳо мегарданд, аммо ҳолатҳое низ буданд, ки расонаҳо воқеаҳоро сиёсӣ намуданд. Мисли ин ВАО дар баробари ҳифзи мавқеъгириҳои   сиёсии соҳибмулконашон ҷолибиятҳое ҳам дошту хатару таҳдидҳо ба фаъолияти журанлистӣ ва куштори бераҳмонаи рӯзноманигорон ҳам.  Имсол ҳам чун солҳои пешин беш аз 50 дарсади фазои хабарии ҷаҳон таҳти нуфузи ВАО-и амрикоӣ буд.  Ҳамчунин Амрико серистифодатрин номи кишвар дар расонаҳо ҳам ба ҳисоб мерафт.
Баҳсҳои идомадор
Ҳамин гуна воқеаҳои сиёсии сенсатсионӣ кам набуданд. Баҳси мақомоти интизомии Амрико барои дақиқсозии дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрико  дар ду соли пеш имсол ҳам идома ёфт.
         Ба марҳилаи ҳассос ворид шудани саркашии Амрико аз созиши ҳосилшуда бо Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаии ин кишвар, ки мамолики аврупоӣ ба он содиқ мондаанд, аз идомаи баҳсҳои чандсолаи матбуотист. Ин масъала дар соли 2017 низ дар сархати расонаҳо буд.
Дастовари сол
         Мубориза бо терроризм дар Сурия ва Ироқ, ки имсол террористон қариб шикаст хурданд, аз дастоварди сол дар муҳити расонаӣ буд  Пас аз озодсозии ду маркази асосии террористон: шаҳрҳои Мосули Ироқ ва Раққаи Сурия  тахмин меравад, ки фаъолияти даҳшатафкании онҳо маҳв карда шуд.
Нигаронии сол
Вале интиқоли террористон аз ин кишварҳо ба шимоли  Афғонистон баҳси гарми сол дар расонаҳо буд. Ин хатаре дар пешрӯи минтақаи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ арзёбӣ мегардад, ки шевае аз сиёсати дугонаи қудратҳо ва манфиатҷӯӣ аз терроризми байналмилалист. Метавон онро ба гунае нигаронии сол унвон дод. Вале натиҷаи ин нигаронӣ дар соли 2018 аёнтар хоҳад шуд.
Даҳшати сол
Авҷи хушунатҳои қавмиву мазҳабии Мянмар, ки моҳи августи соли 2017 дубора доғ гардид, масъалаи ҳассос дар матуботи ҷаҳон буд, ки вокунишҳои зиёд дар ҷаҳони мутамаддин дошт. Бо он ки аксари сокинони Мянмар буддоиянд ва мусулмонони ақаллияти роҳинҷа дар ин кишвар зери фишор ва таъқиби давлат умр ба сар мебаранд. Дар Мянмар дар натиҷаи таъқибҳои мақомоти маҳаллӣ 6 ҳазору 700 мусулмони роҳинҷа ҷон бохтаанд. Ин рақам дар пайи пурсиши гурезаҳои Мянмар ба даст омадааст. Ин воқеаро СММ ва кишварҳои олам "поксозии қавмӣ" номиданд ва ҳамчунон дар матуботи ҷаҳон чун даҳшати сол  инъикос шуд.         
Истиқлолхоҳии сол
Дар моҳҳои сентябру октябр ду намунаи райъпурсӣ ба хотири истиқлолхоҳӣ расонаӣ гардид. Яке райъпурсии 25-уми сентябр дар минтақаи Курдистони Ироқ буд ва дигаре дар вилояти худмухтори Каталонияи Испания дар 1-уми октябр, ки ҳарду натиҷаи дилхоҳ ва бехушунату мухолифат надоштанд. Ҳарчанд дар ҳарду беш аз 90 дарсад райъи мувофиқ доданд, вале ҳеҷ кишваре аз онҳо тарафдорӣ накард, баръакс бо фишору таъқиб, Карлес Пучдемон, роҳбари Каталония фирорӣ гардиду Масъуд Боризонӣ, президенти Курдистон истеъфо дод. Паёми ин ду ҳолат ин буда, ки на дар кишварҳои ноорому “ғайридемократӣ”  ва на пешрафтаву пешбари “демократия” ба ақалиятҳои миллӣ соҳиби давлати мустақил шудан номумкин аст ё хеле душвору сангин.  
Баҳси сол
Рӯзи 6-уми декабр Доналд Трамп президенти Амрико  эълон кард, ки Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт ва супориш дод, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас кӯч дода шавад.  Ин тасмим бархурди бисёр ҷиддиеро ба бор овард, ҳатто наздиктарин ҳампаймонони Амрико аз он пуштибонӣ накарданд. Эътирозҳои оммавӣ дар кишварҳои мусалмоннишин низ ба бор омад.   Доманаи ин баҳс ба СММ низ рафт. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми декабр дар нишасти изтирории худ бо раъйи аксарият аз он тарафдорӣ накард. Аз миёни 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, 128 кишвар ба ҷонибдории қабули қатънома, 9 кишвар мухолиф раъй доданд ва 35 кишвар аз раъй додан худдорӣ варзиданд. Амрикову Исроил дар пайи ин “бо долларҳояшон” ба кишварҳои мухолиф таҳдид карданд.    Маҷрои он зоҳиран доманадор ба назар мерасад. Аз идомаи он дар соли ҷадид аз матбуоти ҷаҳон огоҳ хоҳем шуд.
                                       Фирдавси Низом, рӯзноманигор
Бо таҳриру иловаҳо аз барномаи “Сиёсат ва расонаҳо”, Радиои Тоҷикистон, 31. 12. 2017

PS: Дар  мақола бештар ба масъалаҳое такя шудааст, ки давоми сол бештар дар барномаи “Сиёсат ва расонаҳо” пайгирӣ мегардиданд. 

Комментарии