Сангвор 94 фоизи маблағҳои дотатсиониро мегирад. Баъд чи?



Сангвор аз ибтидои таъсисаш, тӯли 25 соли минтақаи  субвенсионӣ боқӣ мондааст.  Сангвор дар соли 2017 имкон дорад, дар асоси лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон 1 дарсади субвенсия ва 94 фоизи маблағҳои дотатсиониро ба даст орад. Ин миқдор маблағ нисбат ба даромади ноқия  аз ҳисоби андоз чахор маротиба афзун буда,  ноҳия бори аввал дар таърихи хеш маблағи дотатсиониро  дар ҳаҷми зиёда аз 3,6 миллион сомонӣ хоҳад гирифт.
                                


    Сангвор ё собиқ Тавилдара баъди соҳибистиқлолии кишвар яке аз нуқтаҳои даргир ва  хунрезиҳои шадиди ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон буд. Ҳукумати ҶТ дар 25 сол барои барқарор кардани оқибатҳои баъдиҷангӣ 5о млн. сомонӣ ва барои беҳсозии шароити зисти мардум 183 млн. сомонӣ ихтисос дода, ҳамзамон барои рушди маорифи ин ноҳия 62 млн сомонӣ масраф кардааст.
      Сокинони ноҳия мегӯянд, зиндагии худро асосан аз ҳисоби кишоварзӣ, чорводорӣ ва муҳоҷирати меҳантӣ пеш мебаранд, вале шароити ҷуғрофӣ монеи аслии пешрафти кӯшишҳои мардуми Сангвор мегардад. "Проблемаи аввалиндараҷаи аҳолии минтақа роҳ аст. Мардуми ноҳия қурбони роҳҳо мешаванд. То кай кӯдакони мо дар дами тарма таваллуд мешаванду ҳосили дастранҷи мардум дар хонаҳо мепусад?"- бо изтирор мегӯяд Наҳтутӣ Алиева, сокини ноҳияи Сангвор. Бо ин хонум Алиева ба вазъи зиндагии аҳолии Сангвор ҳам ишора кард:



        Масофаи роҳ аз нохияи Сангвор то маркази ҷумҳурӣ зиёда аз 250  км тӯли 3,5 соат буда, арзиши роҳкиро аз 100 то 200 сомониро барои як нафар ташкил медиҳад. Ин барои интиқоли маҳсулоти мевагӣ ба миқдори бузург ба маротиб зиёд аст. Новобаста ба ин мардум шуғлро дар соҳаи кишварзӣ идома медиҳанд, зеро дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ  вуҷуд надорад. Вале панҷ ҳодисаи ду соли охири офатҳои табиӣ заминҳои полезиро шуста рафтаву хонаҳои мардумро хароб кардааст, ки ин то ҷое боиси ба миён омадани ҳиҷрати сокинон ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба Панҷу Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) гаштааст.
               
    Дар робита коршиносон мегӯянд, 94 фоизи маблаӯи дотатсияро соҳиб гаштани Сангвор маънии ҳалли комили масъалаву мушкилоти ноҳияро надорад. Гуфта мешавад кӯмаки бебозгашти Ҳукумат барои ин ноҳия бо гирифтани субвенсияи соли равон хотима намеёбад ва тибқи маълумоти расмӣ масъулин мехоҳанд боз 100 млн сомониро дар солҳои 2016-2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия равон кунад.  Ноҳияи мазкур имкониятҳои хеле васеъ бархурдор буда,  асосан ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар масъалаи   сохтмони неругоҳи барқии обӣ ниёз дорад.  Ҳамчунин туризми дохилию байналмиллалӣ ҳам яке аз манбаҳои даромади ноҳия буда метавонад.    Профессори иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд,  ноҳияи Сангвор ба омӯзиши ҷиддӣ ниёз дорад:


     Ба назари коршиносон, яке аз масоили муҳим, ки дар ноҳия боқӣ мондааст, ҳалли мушкилоти коммуникатсионист. Аз ҷумла, бо ин сабаб 400 кони канданиҳои фоиданоки ноҳия бо вуҷуд доштани ин мушкил сармоягузори ҷиддии худро пайдо намекунанд. Гуфта мешавад, агар роҳҳои ноҳия таъмиру тармим шаванд, коркарди конҳои фоиданок оғоз ва бо ҳамин имкони ташкил ёфтани корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия, ки феълан аз онҳо маҳруманд, ба вуҷуд меояд. 

    Бо он ки, буҷаи соли 2017 шакли қонуни алоҳида дар Парлумони кишвар тасдиқ гардид ва ба ин ноҳия додани қариб кулли дотатсияи ҷумҳуриявӣ нишон дода шудааст, аммо ноҳияи Сангвор бо ин маблағ чӣ тағйироте анҷом медиҳад, муайян накардааст. Қурбон Маҳадов, муовини раиси ноҳияи Сангвор дар суҳбат бо мо гуфт онҳо қарори  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро интизоранд:                              
        Дар ҳамин ҳол, “Барномаи рушди ноҳияи Тавилдара (ҳоло Санвор) барои солҳои 2013-2017” қабул шудааст ва дар он иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон  роҳҳо рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилот иҷтимоии ноҳия возеҳ гуфта шудааст. Додани дотатсияи яклухт ба як ноҳия зоҳиран таҷрибаи аввалин дар низоми буҷетии кишвар аст. Чаро интихоб маҳз сари Сангвор қарор гирифт ва  додани дотатсияи яклухт бо кадом ҳадаф пеш гирифта шуд, аз Вазорати молия касе ҳозир нашуд посух бидиҳад. 
 


       Дотатсияи аз ҳама зиёди буҷаи Тоҷикистонро ноҳияи Сангвор дар ҳоле мегирад, ки дар нуҳ моҳи соли равон нишондодҳои буҷет дар ин ноҳия иҷро нашуд.  Буҷаи соли равон, ки воридшавии маблағҳо аз ҳисоби андозҳо ба буҷаро коҳиш медиҳад, барои ноҳия масоили навро ба миён меоранд.  Таҳилгарон ҳоло ба хулосае омада наметавонанд, ки буҷаи соли ояндаро Сангвор аз кадом ҳисоб пур хоҳад кард. Аммо, ба назари онҳо, агар пулҳои дотатсионӣ  барои зербинои асосии иқтисодиву иҷтимоӣ равона шавад, имкон дорад дар солҳои баъди заминаҳои беҳбудёбии вазъи иқтисоди ва ба ин тартиб пайдо шудани манбаъҳои нави пуркунандаи буҷа имконпазир мегардад.
           Азизбек Мавлонов,
Фирдавси Низом,
Зебоҷон Қурбонова, 
Наргис Урунова


 

Комментарии