Оммавӣ шудани интернет дар
Тоҷикистон як воқеияти бебаҳс аст. Аммо аз имконоту иқтидори он то куҷо бо
самар истифода мешавад, як масъалаи доманадор аст. Фазои иттилооти кишвар бо
зуҳури интернет ба чӣ рӯ ба рӯ шуд? Зарурати ғанӣ гардонидани муҳтавои тоҷикии он дар чист? Аз
масъалаҳоест, ки дар як суҳбат бо сиёсатшинос Шералӣ Ризоён баҳс намудем.
Пайдиши интернет ба системаи иттилоот чӣ таъсир гузошт
ва муборизаҳои иттилоотӣ ҳам то куҷо тағйир ёфтаанд?
Пайдоиши интернет дар нимаи асри 20 боиси як таҳаввулоти нав дар худи
фаҳмиши иттилоот гардид. Имрӯз гардиши иттилоот ва пахш шудани он тамоми маҳумҳо, боварҳо ё фаҳмишҳо, ки мардум доштанд, комилан зери
таъсири худ гирифт. Дар марњилаи имрӯза таъсир расонидан тариқи шабакаҳои интернетӣ
хеле осон шудааст. Метавон мисол овард, ки як иттилое, ки аз як нуқтаи замин пахш
мешавад, таъсири худро метавонад ба ҷомеаҳое, ки ҳазорҳо километр аз манбаи
пахш дур њастанд, гузорад. Ба андешаи
мо ва фикрҳои мутахассисон пайдоиши интернет, ҳатто, ба формати нашрияҳо ва
контенту ҳавзаҳои пахшҳои телевизиону радио асар гузошт. Ҳоло аксар расонаҳо
дар шабакаҳои интернетӣ саҳифаҳои худро доранд ва мушоҳида мекунем, ки имрӯз
нашрия, радио ва телевизионҳои интернетӣ низ пайдо гардиданд.
Дуруст аст, ки
интернет ҳам ба шакли иттилоърасонӣ ва ҳам ба худи иттилоъ таъсир расонд. Шояд
мо фикр кунем, ки теъдоди нашри аксар рӯзномаҳо кам шуд, аммо қаринаҳои
интернетии онҳо низ хонандаи худро ёфтанд. Ба зоти худ Интернет як таҳаввулоти
мусбат аст, вале он барои як қисм агар хуб бошад, пас барои дигаре манфӣ ҳам
буда метавонад. Шумо омилҳои манфии онро дар чӣ мебинед?
Агар зарари онро ба ВАО гуфтанӣ бошем, пеш аз ҳама ба
даромади молии расонаҳои чопӣ. Албатта, хонандаҳо метавонанд тариқи сомонаҳои
интернетӣ бидуни харидани рӯзнома аз иттилоот бо хабар бошанд. Ин нукта асосан
тамаркуз мекунад, ба ҷанбаҳои касбии журналистика ва журналистоне, ки дар
расонаҳои чопӣ кор мекунанд. Агар масъала берунтар аз журналистка баррасӣ
кунем, пас маълум мегардад, ки Интернет имрӯз абзори бисёр хуби таъсиррасонӣ ба
шакл гирифтани афкори ҷамъиятӣ мубаддал шудааст. Ин зарфиятро аксарияти
гурӯҳҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ бо муваффақият истифода мекунанд. Дуруст аст, ки
Интернет як падидаи мусбат аст, вале истифода шудани он аз тарафи доираҳои
ғаразнок барои паҳн намудани хабару иттилооташон ва барои шакл додани афкори
муайяни ҷамъиятӣ, албатта, хатар ба субот ва амнияти давлатҳоро дорад. Нуктаи муҳим
ба назари мо ин аст, ки то чӣ андозае интернет аз тарафи ҷонибҳои манфиатдор
хуб истифода шавад, ҳамон андоза метавонад, барои расидан ба ҳадаф мусоидат
кунад. Дар самти пешгирии андешањои ифротгароию террористӣ суҳбат кунем, пас зарур аст, ки
контенти интернетии иқдоми пешгирикунанда бо таҳияи мақолаву гузоришҳои видеоӣ
ва дигар шаклҳои муассири хабаррасонӣ бояд пурзур карда шаванд. Ҳар қадар
маводи пешгирикунанда, тарғибгари афкору зиндагии солим дар Интернет бо
забонҳои мақсаднок зиёд карда шавад, ин омил барои боз ҳам хубтар пешгирӣ
кардан аз паҳн шудани ғояҳои ғайриқонунӣ метавонад, мусоидат кунад.
Дар барои
маводи солими интернет гуфтед. Иттилоотӣ касби ва ё муҳтавои Интернети тоҷикиро
чӣ хел баҳо медиҳед?
Дар муқоиса ба чанд соли пеш пешравиҳо дар ин самт ба
назар мерасад. Ҳатто сохторҳои давлатӣ аз он васеъ истифода мекунанд. Пеш аз њама метавонем аз таљрибаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва
Вазорати корҳои дохилї ёдовар шавем, ки дар умум барои иттилоотонӣ бо истифода аз хабарњои аввалия кӯшиши љиддї ба харљ медињанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъоланд. Хадамоти
иттилоотии Пешвои миллат низ ба ин масъала бисёр ба таври касбӣ муносибат
мекунад. Мо мебинем, ки аз љониби ин сохторҳо дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ
бо чандин забон иттилоот ба таври фаврӣ пешниҳод мешавад. Хосатан, вазорату
идораҳое, ки дар самти расонидани иттилоъ аз дасти аввал кӯшиш мекунанд, як
таҷрибаи мусбат ба шумор мераванд. Дигар сохторҳо низ агар талош намоянд, то
иттилооти аввалияро аз манбаҳои худ пахш кунанд, ин барои ҳифзи манфиатҳои
Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ мусоидат мекунад.
Бале, вақте хабар аз чанд даст гузашт, хоҳ
нохоҳ дигаргун мешавад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ майдони дигар пахши иттилоъ
хизмат мекунад. Шабакаҳои иҷтимоиро чун роҳи иловагии хабаррасонӣ чи тавр
мешиносед?
Онҳо хизмати бузург мекунанд, аммо тавре дар боло зикр
намудем, аз ҷониби доирањои манфиатдор ин чиз бисёр моҳирона истифода мешавад. Онҳо
кӯшиш мекунанд, ки ҳамагуна иттилооте, ки ба манфиаташон аст, дар ин фазо зиёд
бошад. Майдони зеҳнсозиҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо авҷи баланд ҷараён
дорад. Бисёр муҳим аст, ки мақомоти масъули давлатӣ дар ҳамин самт кори худро
пурзур кунанд, зеро махсусан Фейсбук имкон медиҳад, ки андешаҳои дар он коридашуда
барои ҳифзи суботу амният васеъ истифода шавад. Муҳтавое, ки хушбахтии инсон ва
як навъ кайфияти равонии инсонро тарғиб мекунад, боиси он мегардад, ки дар
дурнамои кӯтоҳмуддат руҳияи одамоне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд,
хеле хуб шавад. Масалан, дар муқоиса ба панҷ соли пеш, мо мушоҳида мекунем, ки
мақомоти давлатӣ бо пахши иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври назаррас
фаъол шуданд. Ин тасмимҳо бояд ба таври маҷмуӣ аз рӯйи як стратегияи мушаххаси
пешбинишаванда, бештар карда шаванд. Ҳамин тавр, дар дурнамои миёнамуҳлат мо
тавонем, контенти иттилоотии шабакаҳои иҷтимоиро соҳиб шавем. Дар ин қатор
расонаҳои хабариро ҳам лозим аст, фаъол бошанд. Нуқтаи муҳими таъмини амнияти
иттилоотӣ ва субот кишвар дар он аст, ки пеш аз ҳама бояд манбаҳои шаклдиҳандаи
афкор аз дохил бошанд. Аз дохил будани ин манбаъҳо метавонанд, як навъ
имунитети миллӣ бошанд, зеро этимоди мардум, ки ба ВАО-и дохилӣ қавӣ аст, ба
самти дигар бурдани афкори мардум ғайриимкон мешавад.
Хуб,
гуфтем, ки истифода аз интернет ба муносбати мо восбаста аст. Аммо шумо фикр
мекунед, ки дар баробари расонаҳо ва мақомоти давлатӣ худи ҷомеа ҳам
метавонанд, дар таҳкими муҳтавои интернет ба маънои мусбат саҳм гузоранд.
Истилоҳе бо номи “Фарҳанги интернетӣ” вуҷуд дорад. Дар холе фарҳанги волои
интернетӣ дар ҷомеа роиҷ шуд, он гоҳ фазои маҷозиро чӣ хел тасаввур кардан
мумкин аст?
Чанд сол пеш, нафароне, ки барои тарғиби имконоти
Интернет дар кишвар машғул ҳастанд, талош намуданд, ки Одобномаи истифода аз интернетро
тартиб диҳанд. Аз ин пештар, аз ҷониби бархе афрод одоби истифодаи телефонҳои
мобилӣ пешниҳод шуда буд. Он ҳам то як дараҷа барои боло бурдани фарҳанги
корбарии телефонҳои ҳамроҳ таъсир гузошт. Одобномаи интернетӣ, ки ҳоло дар
бораи он камтар суҳбат мекунанд, як нуктаи муҳим дошт, ки мо бояд ҳама гуна
муносибаҳои худро дар ҷомеа дар доираи этикаи муайн ба анҷом расонем. Паҳн ва
қабул шудани он пеш аз ҳама барои корфармоии дурусти воситаҳои интернетӣ мусоид
мекунад.
Яке аз
мушкили фазои интернетии мо кам будани манбаъҳои тоҷикӣ ва дар маҷмуъ маълумоти
ночиз дар бораи Тоҷикситону фарҳанги мост. Шояд бо фаъолмандии корбарони
интернет ин фазо то ҷое рангоранг ва ғанӣ гардад?
Аҳамият ва зарурати боло бурдан ё ғанӣ намудани муҳтавои
интернетӣ тоҷикӣ аз ҷониби Пешвои миллат чанд сол қабл дар мулоқот бо аҳли зиёи
кишвар пешниҳод шуда буд. Супориш дода шуд, ки Сарредаксияи Энсклопедияи миллӣ
теъдоди зиёди навиштаҷоте, ки дар бораи Тоҷикистон аст, дар саҳифаи Викпедияи
тоҷикӣ ҷойгир кунанд, зеро мо мушоҳида мекунем, ки Википедияи тоҷикӣ назар ба
дигар Википедияҳо бо забонҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ заифтар аст.
Теъдоди ками маълумот дар он дида мешавад ва он ҳам аз љониби бархе ҷавонон ихтиёран офарида шудааст. Дигар масъала
супориши Пешвои миллат ба Иттифоқи нависандагон буд, ки сомонаи Иттифоқ рушд
кунад ва асарҳои сершумори адибони гузаштаву имрӯз дар он ҷойгир карда шавад.
Имрӯз мутаассифона мо чунин сомонаро надорем. Ҳоло агар барои ёфтани ягон асари
Айнӣ бо забони тоҷикӣ дархост ворид кунем, дарёфташ бисёр мушкил аст. Ҳатто
ҳикояҳои кӯтоҳ ҳам, ки бояд гузошта мешуданд, хеле кам аст. Барои забони
интернетӣ шудани забони тоҷикӣ ин бисёр муҳим аст. Ман умед дорам, ки дастуру
ҳидоятҳое, ки сарвари давлати ба мақомоти масъул барои пур кардани контенти
тоҷикии Интернет дода буданд, аз ҷониби онҳо ҷиддӣ гирифта мешавад. Ҳар қадар
матнҳои тоҷикӣ бештар бошанд, ба маъруф шудани забони тоҷикӣ ва муҳимтар аз
ҳама барои ҳифз шудани ҳуввияти тоҷикони берун аз Тоҷикистон нақши бузург
мебозанд.
Ба назари
мо беҳтар мебуд, ки мо ғановати манъавию фарҳангии худро бо дигар забонҳо низ
паҳн намоем. Интернет дар баробари ҷанҳонро ба мо кушодан, моро ҳам ба ҷаҳониён
муаррифӣ карда метавонад. Ҳоло аз Википедия ёдовар шудед, ки як қомуси озоди
электронист. Ҳар корбар имкони ворид кардани маълумотро дорад. Солҳои аввал
бахшии тоҷикии он яке аз фаъолтаринҳо буд, вале акнун не, зеро дигарҳо ба он
диққати ҷиддӣ медиҳанд. Махсусан дар Қазоқистон Кумитаи махсус оид ба Интернет
таъсис доданд, ки ҳадафаш ҳифзи забони қазоқӣ мебошад. Википедия ҳам бевосита
аз ҷониби ин пуштибонӣ меёбад. Аз дигар забонҳо ба қазоқӣ ва аз қазоқӣ ба дигар
забонҳо дар Википедия тарҷумаву гузошта мешавад...
Бале, дуруст мегӯед, масъала сар чӣ аст? Агар гап сари
муҳтавои тоҷикии Интернет бошад, пас муҳим аст, ки мо дар сиёсати давлатӣ
истифодаи самараноки захираҳои иттилоотиро дуруст ҷо ба ҷо кунем. Чунки
интернет барои мо имконияти хуберо муҳайё кардааст. Мо имкон дорем ҳам фарҳанги худ ҳам
дастоварҳои худ ва илму шахсиятҳои миллиамонро муаррифӣ кунем. Вале вақте, ки
захираҳои иттилоотӣ дуруст истифода намешаванд, мо чизи даркорие барои худ
намеёбем бисёр бад аст. Шумо метавонед афсонаҳои кӯдаконаи русиро дар теъдоди
ниҳоят зиёд аз Интернет пайдо кунед, аммо афсонаҳои тоҷикиро пайдо намудан
бисёр мушкил аст. Барои он ки мо ин кор накардем. Мо як назари классикиро ба
ҳамин масъалаҳо дорем. Вақти он расидааст, ки дастрасӣ ба матолиби чӣ адабию чӣ
публисистӣ ва чӣ имлиро дар назар бигирем. Агар китобҳои бадеиро мисол гирем,
теъдоди онҳо аз чанд ҳазор зиёд нест, лекин мо 8 млн аҳолӣ дорем. Теъдоди аз ин
ҳам зиёдї тоҷикон берун аз кишвар,
хусусан дар кишварҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Мо як масъулияте дорем, ки барои
густариши забони модариамон аз ин гуна воситаҳо кор гирем.
Фирдавси Низом
Бознашр аз барномаи
"Сиёсат ва расонаҳо", Радиои Тоҷикистон, 20. 02. 2016.с
Оли!
ОтветитьУдалитьташаккур
Удалить