Рушди “Тиҷорати электронӣ” чаро зарур аст?



      Даҳсолаҳо  пеш ҳатто  ба фикри  кас  намеомад, ки  дар  оянда  метавонад чунин  имконе  ба вуҷуд  ояд, ки дигар  истеъмолкунанда   (харидор) , барои  хариди  ягон  молу  маҳсулот  ва ё хизматрасонӣ ба  касе  муроҷиат  накунад  ва  аҷибаш  ин ки ба  бозор ҳам  наравад. Дар баробари  ин  истеҳсолкунанда  ва  ё  фурӯшанда  низ  барои  фурӯш  ва ё  таблиғи  молаш  аз саҳар  то бегоҳ  дар бозор  нанишинад.


Аммо  акнун  ин  даҳсолаҳо  гузаштанд  ва  бо  пайдо  шудани  мафҳуми « тиҷорати  электронӣ»  чунин  имкон ба вуҷуд  омад. Яъне, дар натиҷаи  пешрафти  илму  техника  ва  прогресси  илмӣ- техникӣ  ин  мафҳум  дар амал  тадбиқ  карда  шуд. Акнун имконият даст дод, ки   истеҳсолкунанда  ва  ё фурӯшанда    молу  хадамоташонро  тариқи технологияхои  теллекоммуникатсионӣ ба  фурӯш  пешниҳод  намоянд.Ин  амалиётро  метавон  тариқи компютерҳои  фардӣ, планшетҳо ,  телефоонҳои  мобилӣ иҷро кард. Албатта набояд  фаромӯш  кард,  ки  ин  воситаҳо  бояд  ба « шабакаи  интернет»  пайваст  бошанд.
 Барои истифодабарандагони ин  навъи  хизматрасонӣ,   якчанд  талаботҳои  зарурӣ  пешниҳод карда  мешавад, яъне  доштани  компютер  ва  пайваст  будани  он бо  шабакаи  интернет, доштани  I Р- суроға, ҳамёнҳои  электронӣ ва  ҳатман  маллакаи  кори  амалӣ дар ин  соҳаи  хизматрасонӣ.
Албатта  гузариш  аз  тиҷорати  анъанавӣ  ба  электронӣ яку якбора  ба  вуҷуд  наомадааст ва ҳоло њам ин ҷараён  идома дорад. Ин ҷараён  якчанд  зинаҳоро  паси сар  намудааст. Зеро дар  аввал  корхонаҳо  ва    истеҳсолкунандагон танҳо   дар шакли  анъанавӣ  фаъолият  мекарданд. Ва  бо интернет  ягон  рабте  надоштанд. Аммо  бо  мурури  замон ва  пешрафти   илму  техника,  аллакай  метавонистанд фаъолияташонро  дар  интернет  низ ба  анҷом  расонанд. Ва  барои  таблиғи  молу маҳсулоташон  аз  сохторҳои  электронӣ  истифода  баранд.
Имрўзњо тиҷорати электронӣ бо суръат рушд карда, ба як қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҳар як давлат табдил ёфтааст. Чанд сол пеш одамон бо ҳазар ба харидорї намудани молу маҳсулот тариќи интернет назар   мекарданд,аммо имрўзҳо  сафи  истифодабарандагони   хизматрасонии  мазкур рӯз  аз  рӯз  зиёд  шуда истодааст.
Мутахассисони    соҳаи  мазкур  қайд   намудаанд,  ки   имрӯзҳо  шумораи  одамоне, ки  аз  тиҷорати  электронӣ  истифода  бурда, аз  шабакаҳо  харидорӣ  мекунанд, кариб   39 %- и  аҳолии  тамоми  дунёро  ташкил  медихад. Таҳлилгарони  Marketline  пешгӯӣ  мекунанд, ки  дар соли  2015  суммаи  гардиши  маблағ  аз  фурӯши  яклӯхт  дар бозори  электронӣ  827   млрд  доллари  амрикоиро  ташкил  хоҳад  дод.
Давлатҳое,  ки  аз  рӯи  рушди  босуръати  тиҷорати  электронӣ  дар  сафи  пеш  қарор доранд,  ин : Британияи  Кабир, Германия,  Австралия,  Америка,  Чин мебошанд. Ва  мувофиқи  пешгӯии  мутахассисони  ин  соҳа , баъди  соли  2016  Аргентина,  Мексика,  Бразилия,  Россия  ва  Италия  низ  дар  ин  саф  қарор  мегиранд.
Мувофиқи  сарчашмаҳои  дастрас  намудаи  мо  имрӯз Америкаи Шимолӣ  аз рўи харидорӣ ва ё иҷора додани  ҷой  тариқи интернет дар ҷои аввал меистад.Вобаста  ба  хамин  самт  дар чои дуюм минтақаҳои Осиёгии  назди  Уқёнуси  ором қарор дорад. .Аммо  экспертони eMarketer пешгўӣ мекунанд,ки баъди соли 2015 ин ҳолат  тағйир ёфта минтақаи  номбурда ба ҷои аввал мегузарад.Германия бошад  аз рӯи гардиши  тиҷорати  электронӣ  дар   ҷои  дуюм қарор дорад,  зеро  92 %-и  истифодабарандагони  интернети  он  молҳоро  тариқи  шабакаҳои  интернетӣ  харидорӣ  мекунанд. Ва  экспертони  он  ҷо  қайд  намудаанд, ки  то  соли  2020  Германия  нишондодашро  аз  рӯи  фурӯш  тариқи  тиҷорати  электронӣ  то  100  млрд  евро  зиёд  хоҳад  кард.
      Аз  рӯи  маълумотҳои  дастраснамуда  нафароне, ки  дар  тиҷорати  электронӣ  иштирок  доранд,  ҳангоми  фармоиши  маҳсулот  тариқи  интернет  82 %  аз  компютерҳои  фардӣ,  10 %  аз  планшетҳо  ва  боқимонда  8 % аз  телефонҳои  мобилӣ  истифода  мебаранд.
Дар  Точикистон  низ сафи  истифодабарандагони  тиҷорати  электронӣ дар  холи    афзоиш аст.  Чӣ тавре, ки  дар  сайти  Палатаи  савдо ва  саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар  дода  шуда буд, ки санаи  01.04.2015  миёни Ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистонӣ (технологияи олӣ), Ширкати  «Хуатэ»-и   Ҷумҳурии мардумии Чин  ва Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди  ҳамкорӣ дар самти  тиҷорати  электронӣ  ва  ташкил  кардани  шабакаҳои интернетӣ барои  хариду  фурӯш, ба роҳ мондани  технологияҳои  информатсионии  баландсифат  шартномаи   сеҷониба ба  имзо расидааст. Ин аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки  имрӯзҳо  барои  рушди  ин  навъи  хизматрасонӣ  дар  кишвар  корҳои  назаррас  ба  сомон  расонида    шуда  истодааст.

                                                        Алимова  Ганҷинадонишчӯи курси 2

                                                   факултаи бахисобгирию иктисодии ДМТ

Бознашр аз рӯзномаи "Ба қуллаҳои дониш" №2 (1388). 01 01.2016

                                                         
 

Комментарии