Ҳукумати электронӣ ва таъсири он ба низоми иттилоотӣ

Дар тасаввури умум иҷроиши “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” як системаи коргузории электронист, ки ба хизмартарониҳои давлатӣ маҳдуд мешавад, вале он ба сохтани “ҷомеаи иттилоотӣ”, системаи иттилоотӣ дар кишвар ва ҳамин гуна, шакл гирифтани обзори ватании журналистикаи онлайнӣ замина гузошта метавонад. 

Қабл аз ҳама, мо бояд роҷеъ ба ин консепсия маълумот дошта бошем. Тавре дар муқаррароти умумии он омадааст, “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 таҳти № 1174 тасдиқ шудааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 таҳти № 468 тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 № 451 тасдиқ шудааст ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 таҳти № 1713 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.” [3].
Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад. Ҳукумати кишвар ҳам гузаштан ба ин навъ қаринаи муосири хизматрасониро пеш гирифтааст.
Президенти мамлакат дар ин бора гуфта буд: “Дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.” [6]. Умуман, ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меорад, ки бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд [1].
 Дар меҳвари ин консепсия иттилоот қарор дорад. Самтбахшӣ тариқи иттилоъ яке ҳадафҳои марказии он ба ҳисоб меравад ва ба таъмини маълумоту иттилооти электронию виртуалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Саволе ба миён меояд, ки ҳукумати электронӣ кадом ҳадафҳоро амалӣ ва татбиқ мекунад? Дар қисми якум, банди 4-и консепсияи зикршуда баъзе талаботҳо дар мавриди иҷрои ҳадафҳои ҳукумати электронӣ баён шудаанд. Аз ҷумла, коркард ва ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотию таҳлилӣ, ки ҷараёни қабулшавии қарорҳои идоракуниро дар доираи мақомоти алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ мекунад; баланд бардоштани имконоти васеъи дастрасии аҳолию ташкилотҳо ва донишкадаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба иттилооти кушодаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иштироки бевоситаи онҳо дар рафти ташкил ва таҳқиқоти қарорҳои дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ қабулшаванда; таъмини сатҳи зарурии амнияти иттилоотии ҳукумати электронӣ; густариш ва истифодаи васеъи воситаҳои таъмини дастрасии иттилоот дар бораи фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо; бартараф намудани “нобаробарии рақамӣ” (шаҳрвандон дар истифодабарии технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, ки бо тафовути иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиршавии ғҷуғрофӣ фарқ мекунанд), ки яке аз масъалаҳои асосии таъмини самаранокии ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, тавассути рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (рушди ҳудудии шабакаҳои алоқа, баланд бардоштани сифати алоқа, компютеркунонии аҳолӣ, рушди интернет дар қаламрави кишвар) татбиқ мегардад [6].
Ҳукумати электронӣ як ҷузъи ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки ҳоло дар арафаи шаклгирии умумиҷаҳонӣ қарор дорад. Дар шароите, ки интернет ба воситаи муҳими алтернативии пахши иттилоъ зуҳур намудааст, ин масъала аз ҳар ҷиҳат аҳамияткон менамояд. Табиист, ки дар ин ҳолат муносибати нави иттилоотӣ низ бояд ба амал ояд. Аз ҳамин нигоҳ, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» як ҷузъи муҳими иттилоърасониро ба миён оварда, метавонад дар пешрафти муносибатҳои нави иттилоотӣ саҳм бигирад. Татбиқи ҳамин гуна тарзи коргузорӣ дар Тоҷикистон низ моҳирона роҳандозӣ шудааст, ки ниҳоят ташкили ҳуҷҷатгузории беқоғаз мебошад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоту иттилооти расмӣ асосан тариқи интернет ва дигар воситаҳои телекоммуникатсионӣ сурат мегирад. Муҳимтарин нақши “Консепсияи ташаккули ҳукумати элетронӣ дар Тоҷикистон” дар он ифода меёбад, ки дар назди мақомоти давлатӣ вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. Таъсис додани сайтҳои ҳукуматии ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки дар оянда дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ-ахборотии ягонаи ҳукумат муттаҳид мешаванд, рушди сайтҳои интернетии идоравӣ, ки пуррагӣ ва саривақт ҷойгирнамоии маълумотҳои дахлдорро дар онҳо таъмин мекунад, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсу меёбад ва дар ин маврид дар қисми 4-уми банди 24-и консепсия ишора рафтааст [6].
Ҳамаи ин ба он сабаб хоҳад гашт, ки мо ба сохтани “ҷомеаи иттилоотӣ” наздик шуда, ҳамзамон интернет-журанлистика аз нигоҳи таъмини иттилооти расмӣ рушд мекунад ва маводи публитсистӣ дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ афзоиш меёбад. Ин дар навбати худ ба шаффофияти кори мақомоти давлатӣ назди кормандони ВАО мусоидат мекунад ва то андозае, амнияти иттилоотиро таъмин мегардонад.
Чун мо сари нақши “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ” дар низомии иттилоотӣ кишвар ба рушди онлайн-журналистика сухан мегўем, пеш аз ҳама ин вазифаро сомонаҳои расмии вазорату идораҳо ва вилояту шаҳру навоҳӣ бояд амалӣ созанд. Чунки маводи публитсистиро, ки асоси эҷодии онлайн-журналистикаро ташкил медиҳанд, аз муҳтавои веб-сайтҳои расмӣ бояд ҷўё шуд ва рўшанӣ андохтан ҳам зарур аст, ки фаъолияти ин навъ сомонаҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Аз нигоҳи таъинот, сомонаҳои расмӣ сирф ба пахши иттилоот муваззаф нест. Онҳо ҳамчун як обзори пешкашкунандаи хизматрасониҳои электроние, ки ин оё он мақомот ба шарҳвандон пешниҳод мекунад, робтиа бо ҷомеа (PR), маълумоти марбут ба сохтор, (маълумоте, ки хислати хабарӣ надоранд) ва ниҳоят, пешкаш намудани иттилооти фаврӣ аз навгониҳо аз фаъолияти мақомоти дар назди он тобеъбуда мебошад. Охирин вазифаҳои зикршуда  метавонад ба мавзўи мақолаи мо алоқаманд бошад. Аз ин рў, ба назари инҷониб, сомонаҳои расмиро асосан маълумотӣ гуфтан мумкин аст, на иттилоотӣ, зеро мақсади онҳо пеш аз ҳама додани маълумот дар бораи сохторҳои мақомоти давлатӣ ва тарзи идории онҳо мебошад. Ин ҷо фарқ байни “маълумот” ва “иттилоот”-ро бояд дарк кард. Ҳама гуна навиштаву гуфтае, ки огоҳӣ пайдо мекунем, метавонад малумот (данные, date) бошад. Он хислати оҷилӣ надошта, метавонад тамоман куҳна нашавад ва ё хеле дер. Иттилоот (информация, information) характери таъҷилӣ дошта, аз навгоние моро огоҳ месозад, ки таъҷилӣ ва куҳнашаванда аст. Журналистика ҳамеша ба иттилооти нав такя карда, аз маълумот барои таҳлил ва шарҳи иловагӣ истифода мебарад.   
Ҳарчанд мо аз сомонаҳои расмӣ ба ҳайси маълумотӣ ёд кардем, аммо кор бо иттилоот барои онҳо хеле муҳим аст. Зеро ин сайтҳо бояд бо пешниҳоди хабару гузоришҳои тоза нафақат ба гирандагони иттилоъ, балки бо дигар расонаҳои хабарӣ чун манбаи боэътимоди хабари расмӣ хизмат намоянд, то ҳоҷат бо муроҷиати шахсии кормандони ВАО камтар шавад. Аз нигоҳи қонунӣ ҳам “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ” пешниҳоди иттилооти оперативиро ба сомонаҳои мақомоти давлатӣ кафолат додааст, ки онҳо ҳамчун манбаи расмӣ қабул шаванд. Муҳаққиқ Умрилло Меликов, ки асосҳои ҳуқуқии интренетро таҳлил мекунад, дар китоби “Иттилоот дар интернет: танзими ҳуқуқӣ” аз се гурўҳи иттилоот ёд мекунад, ки мақомоти давлатӣ метавонанд ҳангоми мураттаб намудани сайти худ онҳоро дар назар дошта бошанд ва риоя кунанд:
1.      Иттилооте, ки онро ҳуқуқи дар сайт гузоштан надоранд;
2.      Иттилооте, ки ҳатман бояд дар сайт ҷойгир карда шаванд;
3.      Иттилооте, ки ҷойгир намудани онҳо дар сайт ба худи мақомоти давлатӣ вобастагӣ дорад [8, 16].
Ба гурўҳи якум маҷмўи маълумоти аз нигоҳи қонунӣ манъ ворид мебошанд. Яъне аз нигоҳи қонунӣ онҳо сирри давлатӣ шуморида мешаванд ва аз нигоҳи ахлоқӣ паҳн кардани онҳо манъ аст. Функсияи аслии сомонаҳои расмӣ дар ҷойгир кардани иттилооти гурўҳи дуюм аст. Ин гуна маълумот хислатӣ хабарӣ ва оперативӣ надошта, онҳо бояд ҳатман ҷойгир шаванд. Мешавад дар ин доира ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию маъмурӣ, маълумоти доир ба сохторҳои мақомот, роҳбарони мақомот, хизматрасониҳо ва амсоли инро ҷойгир кард. Ба таври комилу зарурӣ ҷойгир кардани онҳо асосан барои шаҳрвандон ва баъдан, барои таҳлилгарон муфид аст. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани ин навъ маълумоти расмӣ, ҳоҷат ба муроҷиати хаттӣ ба ин ё он мақомот намемонад. Ин ҳам барои шаҳрвандону таҳлилгарон ва ҳам барои мақомоти давлатӣ қуллай мебошад. Ба гурўҳи сеюм бевосита матолибе дохил мешавад, ки ба мавзўи мо мустақиман дахл дошта, қолабҳои матни журналистиро дар онҳо дидан мумкин аст ва яке аз ҷиҳатҳои рушди онлайн-журналистикаро ташкил медиҳанд. Иттилое, ки ба гурўҳи сеюм дохил мешаванд, асосан хабару навгониҳои аз фаъолияти маъмурии ин ё он мақомот буда, як навъ бозгўкунандаи сатҳи коргузорӣ дар вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳӣ мебошад. Ҳарчанд ҷойгир кардани маводҳои хислати хабарӣ ва оҷилидошта ба хоҳиши масъулин вобаста аст, аммо дар қиёс ба ҳассосиятҳои ҷомеаи иттилоотӣ фаъолмандии бештари онҳо зарурати аввалиндараҷа дорад. Аз таҷриба бармеояд, ки бояд сомонаҳои мақомоти давлатӣ ба сарчашмаи асосии манбаъҳои расмӣ табдил ёбанд ва дар гирифтани хабарҳои расмӣ дигар сомонаҳои хабарӣ ба онҳо истинод намоянд. Табиист, ки саҳеҳият ва боварбахшии иттилоъ дар сарчашмаи бо эътимод доштани он аст. Дар ҳолати аз чанд даст гузаштан ва тахминкунӣ дар атрофи хабар костани нуфуз (имиҷ)-и идораҳои давлатӣ сурат мегирад ва ахбор саҳеҳияти худро камранг мегардонад. Иловатан, гуфтан мумкин аст, ки аз як ҷониб, агар дастрасии корафтодагон ба маълумоту иттилоот осон бошад, аз тарафи дигар, оҷилияти пахши иттилоъро сомонаҳои интернетӣ таъмин менамоянд. Шароити технологӣ имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ маврид мо маводи хостаи худро дар интернети ҷой диҳем ва иттилои гузошташударо тағйир диҳем. Чунин бартарӣ дар матбуот ва ҳатто радио ва телевизион дида намешавад. Аз ҳамин ҷиҳат, метавон бар пояи се асос сомомнаҳои расмии мақомоти давлатиро моли журналистикаи интернетӣ ҳам номид:
1.      Аксари сомонаҳо дар назди марказҳои матбуотӣ ташкил шуда, мудирияти онҳо аз ҷониби марказҳои матбуотӣ ба роҳ монда мешаванд.
2.      Навигариҳои дар сомонаҳо дарҷшуда дар қолабҳои матни журналистӣ омода мешаванд;
3.      Ҳадафи сайтҳо таъмини инъикоси навигариҳо ва ташкил кардани робита бо ҷомеа (PR) мебошад.
Тавре гуфтем, ҳукумати электронӣ пеш аз ҳама коргузориест, ки аксаран такя ба иттилоот мекунад ва асоси онро ҳам иттилоот ташкил медиҳад.
Мушкилоти дигар дар самти иттилоотонӣ ин ҳанўз коркард нашудани додаҳо ё маъмулоти кушода мебошанд. Ба гуфтаи масъулини соҳа, дар Тоҷикистон ҳанўз базаи фаровони маълумоте, ки дастрасии омма барои онҳо имкон дорад, ҳамчун хазина маҳфузанд ва дастраси омма нагаштаанд, зеро коркард ва пешниҳоди онҳо дуруст роҳанадозӣ нашудааст [7]. Додаҳои кушода кулли он маълумоту иттилоотеро меноманд, ки қонунан дастрасӣ ба онҳо иҷозат дода шудааст. Дар шароити феълӣ, пеш аз ҳама ба қаринаи электронӣ гардонидани додаҳои кушода ва ба воситаи сомонаҳои интернетӣ афзалияти бештар дорад. Аммо ин ҷо масъалаи дигар пеш меояд, яъне амнияти иттилоотӣ аз нигоҳи эҷодию техникӣ, ки дар айни замон як мушкили умда ба ҳисоб меравад. Ин корро мебояд ҳар мақомот анҷом дода, онро ба тариқи сомонаи расмиаш пешкаши омма намояд. Ба гуфтаи Маҳмудхон Сараев, сармутахассиси Маркази технологияҳои иттилоотию коммункатисонии Душанбе, омўхтани таҷрибаи дигар кишварҳо бисёр муҳим аст, зеро иштибоҳе, ки онҳо дар давраи рушд ва пешниҳоди додаҳои кушода дучор омаданд, мо такрор насозем. Бо ин мақсад ҳамкориҳо бо кишвари Молдова идома дорад, ки аз ин тарҷиба хуб баҳра бурдаанд [7]. Самаранок ба роҳ мондани чунин амал барои шаффофияти кори ниҳодҳои давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандону таҳлилгарону олимони соҳаҳои гуногун, махсусан журналистон мусоидат хоҳад кард. Чун мо ҳамарўза шоҳиди бисёре аз моҷарои рўзноманигорон бо ниҳодҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ ҳастем, медонем, ки аксари ин нофаҳмиҳо аз пешниҳод накардани маълумоти дархостӣ ба вуҷуд омадааст.
Агар талабот ва принсипҳои дар консепсияи зикршуда ва вазъи кунунии сомонаҳои расмиро ба назар бигирем, ҳолат чандон хушҳолкунанда ва ба меъёрҳо ҷавобгў нест. Ташкилшавии сомонаҳо дар назди мақомоти иҷроияи вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ба назар мерасад, аммо ба талаботи рўз ҷавобгў набуда, беҳбудии зиёд мехоҳанд. Аввалан гуфтан лозим аст, ки дар таъсиси ҳатмии сомонаҳои расмӣ талаботи муайяннамудаи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ” ба эътибор гирифта нашудааст. Тибқи талаботи ин консепсия, то анҷоми марҳилаи аввали он, яъне якуми январи соли 2014 мебоист 47 сохторҳои давлатӣ, тамоми вилоят ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон дорои саҳифаҳои махсус дар интернет мешуданд. Ба мо ягон омори расмӣ дастрас нашуд, ки фоизи мушаххаси таъсисшавии сомонаҳои ниҳодҳои ҳукуматиро дақиқ намоем. Вале аз рўйи ковишҳо дар интернет маълум намудем, ки то имрўз ҳам на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дорои сайти худ ҳастанд. Муҳтавои эҷодию техникии сомонаҳои ҳукуматӣ низ ба таври бояду шояд ва то куҷо бо ниёзҳои ҷомеаи муосир ҷавобгў будани онҳо таҳқиқ нашудааст. Танҳо дар расонаҳо баъзе ишораҳо аз ҷониби журанлистон ба чигунагии онҳо дида мешавад, ки он ҳам дар аксар маврид хислати танқидӣ дорад. Инчунин, як пурсиши сотсиологӣ дар чорчўбаи лоиҳаи “вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар интернет” бо дастгирии “Internews Network” дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби АМВАОМТ соли 2010 гузаронида шуд, дар шакли китобчае бо номи “Нақши интернет дар дастрасӣ ба иттилоот” чоп гардид. Як бахши он ба муносибати кормандони ВАО ба сомонаҳои мақомоти давлатӣ бахшида шудааст. Дар он ишора мешавад: “таҳлили маълумот нишон медиҳад, ки шумораи нисбатан зиёди пурсидашудон- 47,5%, аз сомонаҳои расмии баъзе вазорату идораҳои мамлакат истифода мебаранд. Шарҳи ҷавобҳои пурсидашудагон нишон медиҳад, ки пурсидашудагон сомонаҳои расмии мақомоти давлатиро маҳз ба хотири баровардани ниёзҳои касбиашон - ҷамъовардани мавод барои рўзномаҳояшон, дастрас намудани ахбор расмӣ барои ҷустуҷўи мавзуъҳои нав ва барои донистани нуктаи назари расмӣ ба ягон мавзуъ, проблемаҳои ҷомеа мехонанд” [4, 39].
Дар ҳошияи ин бояд гуфт, ки бо гузашти панҷ сол вазъ то ҷое тағйир ёфта, шумораи сомонаҳои ҳукуматӣ бештар ва фаъолтар ҳам гардидаанд. Дар ин татқиқот ба сомонаҳои вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ ягон ишора нашудааст, ки ҳоло қариб ҳамаи онҳо соҳиби сайтҳои алоҳида шудаанд, ҳарчанд муҳтавои техникию эҷодии кулли онҳо воқеан боиси нигаронист. Ҳамчунин, дар ин китобча сомонаҳои Президенти Тоҷикистон, Агентии назорати маводи мухаддир, Бонки миллӣ, вазорати молия, вазорати корҳои хориҷӣ [4, 41] нисбатан фаъол нишон дода шудааст. Вале ҳоло расонаҳои хабарӣ (махсусан сомонаҳои хабарии Тоҷнюс, Озодагон, Озодӣ, Азия-плюс) бештар ба сомонаҳои вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, кумитаи ҷавонон ва вилояти Суғд истинод мекунанд. Дар баҳогузорӣ ба таъсис ва муҳтавои сомонаҳои расмӣ гуфта мешавад, ки: “...аксари мақомоти давлатӣ сомонаҳоро ба хотири “ишора” таъсис додаанд, аксари вазоратҳо ба масъала ба таври расмӣ муносибат карда, сомонаро ба хотири рўзмарра будан таҳия намудаанд ва он кори дуюмдараҷа мебошад. Дар онҳо асосан хабарҳои пастсифат ҷой дода шуда, аксар вақт хабарҳоро такрор мекунанд. Дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ маводи таҳлилӣ мавҷуд нест. Аксар масъалаҳои рўзмарра инъикос намешаванд”. Ин иддао то ҳол ҳамчун ҳақиқати талх боқӣ мемонад. Вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ аз ин ҷиҳат то андозае худро ислоҳ кардаанд. Вале чунин муносибат дар сомонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии кишвар бараъло мушоҳида мешавад. Як сайри маҷозӣ дар онҳо кофист, то воқеият дида шавад. Кулли онҳо ба ном вуҷуд доранд, тарҳу макет, дизайну ороиши техникӣ ва муҳтавои эҷодӣ, назири гузоштани маълумоти зарурӣ ва дигар кардани хабару гузоришҳо хеле нигаронкунанда аст. Шояд иллати асосӣ дур будан аз пойтахт ва норасоии молию маънавӣ дар кори онҳо бошад... Ва барои мисоли мусбат метавонем сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо орем, ки бо суроғаи www.dushanbe.tj дастрас аст. Дар ин сомона бахшҳои зиёд фаъоланд, ҳарчанд бархе аз онҳо муддатест иттилои нав надорад. Дар қиёс бо дигар шаҳру ноҳияҳо, сомонаи пойтахт кори чашмрас дорад, иттилоот дар бахши “Хабар” мунтазам илова ва нав карда мешавад. Зарурати кор бо сокинони шаҳрро ба инобат гирифта, дар сомонаҳои иҷтимоии “Twitter” ва “Facebook” саҳифаи хоси раиси шаҳр боз шудааст, почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com низ кори хуб дорад ва тавассути он иртиботи сокинон бо шаҳрдор сурат мегирад. Лоиқи таҳсин аст, ки дар мавриди татбиқи консепсияи “ҳукумати электронӣ” дар шаҳри Душанбе оид ба лоиҳаҳои интерактивии “Мо метавонем” – www.mometavonem.tj (сомонаи хизматрасониҳои коммуналӣ) ва “Бе миёнаравҳо” – www.bemiyonaravho.tj (сомонаи кўмаки иҷтимоӣ ва тамоси бевосита бо сохторҳои марбута) ёдрас шавем. Бо вуҷуди комёбиҳо, аз камбудии аслии сомонаи шаҳрдорӣ нагузоштани акс (сурат, тасвир) аз ҷараёни ин ё он мулоқот мебошад. Ва надоштани саҳифаи хоса дар сомонаи www.flick.com (сомонаи аксҳои баландсифат) ин равандро то ҷое коста мекунад, зеро тавре мегўянд, шунидан кай бувад монанди дидан.
Биноан, сомонаҳои навоҳии ҷумҳуриро бояд наҷот дод. Талаботи дигар “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ” дар бораи “дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ-ахборотии ягонаи ҳукумат” муттаҳид намудани сомонаҳои ҳукуматӣ ҳам иҷрои комили худро наёфтааст. Ин даргоҳ ё портал дар интернет аллакай дар суроғаи www.hukumat.tj фаъол аст. Агар танҳо муттаҳид кардани сомонаҳои расмиро гирем, дар банди “Сомонаҳо” ҳамагӣ 5 сомона [9] муаррифӣ шудааст. Дар ҳоле, ки ҷойгир кардани рўйхати тамоми соҳаҳо кори мушкиле нест.
Хулоса, мо дар ин мақола кўшидем бештар аз нигоҳи назариявӣ ба масъала баҳо диҳем. Таҳқиқи муҳтавои сомонаҳои расмӣ ҳам асосан хислати умумӣ дошт. Омўзиши амалии сомонаҳои расмӣ дар доираи як мақола имкон надорад.
Таҳлили техникӣ, оммавӣ гардонидан, пешниҳоди хизматрасониҳо, чи гуна барқарор намудани робита бо мушатариёни интернет, интернактивият, мушкилоти молию кадрӣ, мазмуну мунадариҷа, чандзабонӣ, хусусиятҳои жанрӣ, оҷилият дар пахши иттилоъ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар мисоли сомонаҳои мақомоти давлатӣ бояд омўхтаву пайи ислоҳи он ба ниҳодҳои масъул пешниҳод карда шавад.


А Д А Б И Ё Т
1.      Қурбонов А. Ҳукумати электронӣ - рушди идорасозӣ ё таҳдид ба амнияти кишвар? Дастрасӣ: http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11533
2.      Барномаи давлатии рушди пахши телевизионӣ рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015. Дастрасӣ: http://teleradiocom.tj/loihaho/35-2-loi1203ai-barnomai-ra1179amii-rushdi-pahshi-televizioni-ra1179am1251.html
3.      Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020. Дастрасӣ: http://www.adlia.tj/base/show_doc.fwx?rgn=115901
4.      Нақши Интернет дар дастрасӣ ба иттилоот. Душанбе- 2010.
5.      Пажўҳиши омадагии электронии Тоҷикистон. Тадқиқот (бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад – Тоҷикистон. Дар моҳҳои май-июли соли 2010). – Душанбе, 2010. 109 саҳ.
6.      Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 апрели соли 2013.
7.      Радиои Тоҷикистон. Барномаи “Дурахш”  аз 08.02.2015.
8.      Меликов У. Иттилоот дар интернет: танзими ҳуқуқӣ. – Душанбе, 2011. 102 саҳ.
 Фирдавси Низом (Абдуҷалилов) -  аспиранти Кафедраи телевизион ва  радиошунавонии ДМТ
Бознашр аз П А Ё М И ДМТ  (маҷаллаи илмӣ). 4/8(183) Душанбе: "Сино"-2015. саҳ. 300-304. дастрасӣ

Комментарии

Отправить комментарий