Чаро даромад аз ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон коҳиш ёфт?

 

    Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ даромад дар соҳаи алоқа 16 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки нишшондодҳои соли 2015 ҳам нисбат соли 2014 кам буд. 


Ин омори Хадамоти алоқа дар замонест, ки таъсири буҳрони иқтисодӣ ба кишвар амиқан эҳсос мешавад. Дар  ду соли ахир мо ҳамворавора дар даромадҳои соҳаи алоқа динамикаи пастравиро мушоҳида мекунем. Даромади шикратиҳои мобилӣ ва интернетпровайдерҳои хусусии кишвар  бузургтарин қисмати фоида аз соҳаи хадамоти алоқаро дарбар мегиранд. Ба омори  Хадамоти алоқа дар шашмоҳаи соли 2016  нигаред:


    
Коҳиши ҳаҷми умумии даромад дар соли 2015 нисбати ба соли 2014  54 млн сомониро ташкил медод, ки  нахустин соли коҳиш ва паёми возеҳи буҳрони иқтисодӣ ба тиҷорати телекоммуникатсионӣ гуфта мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ сабаби аслии зарба ба даромади онҳо гардидааст. Ин ҳолат боис гардида, ки муштариёни алоқаи мобилӣ ва интернет коҳиш ёфтааст. Тибқи оморҳо дар соли соли 2015 тақрибан 100 ҳазор истифодабарнадаи телефонҳои мобилӣ ва интренет кам гардид.  Ба маълумоти Абдуқаюм Исоев аз масъулони Хадамоти алоқа шумораи истифодабарандагони интернет дар кишвар дар як сол бештар аз 300 ҳазор кам гардидааст. Агар соли гузашта 5, 2 мнл корбар вуҷуд дошт дар соли ҷорӣ он ба , 4, 8 млн расидааст. Аз руйи ин мантиқ вақте шумораи истифобарандагони интернет кам гардид, бояд трафики умумии интернет ҳам кам шавад.
Ба гуфтаи муовини сардори шабакаҳои таҳвили маълумоти Хадамоти алоқа  Тоҳир Ёқубов суръати интернет  дар миқёси ҷумҳурӣ 10 гигабитро ташкил медиҳад, аммо ҳисоби трафики умумии интернет сурат нагирифтааст, вале нархи интернет нисбат ба солҳои пешазбуҳронӣ арзонтар аст. Инро аз он ҳисоб медонанд, ки суръат ду баробар баланд шудааст. Дар ин асно нархи интернетро дар Тоҷикистон коршиносони ТИК нисбат ба дигар кишварҳо хеле гарон медонанд. Ин омил метавонад то андозае густариши интернетро боз дорад, зеро истифодабарандаи доимиро кам мекунад ва тиҷорати коммуникатсиониро дар рушди ғайри тавозун нигоҳ медорад. Абдуқаюм Исоев 
сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқа сабаби гаронии аз арзиши интернет ба релефи ҷуғрофии кишвар рабт медиҳад:
 
Тоҳир Ёқубов муовини сардори Шабакаҳои таҳвили маълумоти Хадамоти алоқа ҳам инро тасдиқ намуда, ба маводҳои электронӣ дар сегменти тоҷикии интернет (Tojnet), ки хеле кам аст, ишора кард:

 Татқиқоти соли 2012 нишон додааст, ки тавозуни муҳтавои интернет 80 дар сад ба манбаъҳои хориҷӣ рост меояд. Ба пиндори Алишер Шукуров аз иқтисоддшиносони тоҷик андозҳо бояд мувофиқ ба шароит каму зиёд гарданд: Шикартҳои мобилӣ даъво доранд, ки андозбандиҳои ахир боис шудааст, ки онҳо арзиши хизматрасониҳои худро боло баранд. Дар натиҷа шумораи истифодабарони алоқаи мобилӣ ва интернет кам шудааст. Ин ҳанӯз ба маънои кам гардидани аҳамияти интернет нест, балки нуктаҳои пул пардохткунандаро дар назар дорад. Ин ҳолат боиси рақобати ширкатҳои интернетрасон ҳам гардидааст. Нархномаи соли 2016 гувоҳи он аст.   


 Дар ширкатҳо ҳам мегӯянд, ки  буҳрони ҷорӣ онҳоро ба вазъи ногувори иқтисодӣ овард, зеро чанд соли ахир болоравии аксиз, андоз арзиши иловашуда ва андоз аз даромад тамоили болоравӣ дошт ва онҳоро дар шароити буҳронӣ ба ҳоли табоҳ мувоҷеҳ сохт. Нуъмон Талъатов коршиноси ТИК  низ меандешад, ки буҳрони  соли 2008 ба ширкатҳои телекоммуникатсионӣ соли 2010 расид ва он дар буҳрони ҷорӣ шадидтар гардид. Афзудани андозбандиҳо, бозии қурби доллару сомонӣ ва кам будани муҳтавои ватании интернет ҷузъҳои асосии коҳиши фоидаи буҷаи кишвар ва ширкатҳои мобилию интернерасон аст.
 Дар ҳамин ҳол масъулини Хадамоти алоқа ин иллатро дар рақобатпазир набудани ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳо медонанд. Гуфта мешавад, ки акнун дар кишвар ҳамагӣ 11 ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ  фаъолият мекунанд, ки қаблан шумораи наздик ба 20 адад буд:
Коршиносони иқтисодӣ ва ТИК мегӯянд имкониятҳои телекоммуникатисонии Тоҷикистон дар минтақа фарох буда, мешавад аз роҳи рақобатпазир намудани ширкатҳои соҳа тиҷорати телекоммуникатсиониро пурқувват кард. Ба гуфтаи Асомиддин Атоев коршиноси ТИК баланд бурдани андоз ва аксиз дар соли буҳронӣ чораи кор ва роҳи алтернативии нест. Муҳим аст, ки бозори ватании телекоммуникатсиониро шаффоф ва рақобатпазир ббояд намуд, ки шумораи андозсупорандаҳо бештар шавад. Коршиноси иқтисодӣ Собир Вазиров бошад мепиндорад, ки андозҳо нисбат ба ширкатҳои интернетрасону мобилӣ наафзудааст, балки сол то сол кам мегарданд.




                 Тағйиротҳо дар соли 2015
  
    Дар баробари соли 2015:

§  Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ соли 2015 нисбат ба соли 2014 дар Хадамоти алоқа (корхонаи расмӣ)   10, 8 фоиз кам гардидааст

§   Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ (ҳаз. сомонӣ) январ- декбари с.2015 ба ҳисоби фоиз нисбат ба январ декбари с. 2014: 89, 2  



Рушди интернет, алоқаи мобилӣ ва дигар навъҳои  телекоммуникатсионӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон фарқияти зиёд доранд. Нигаред ба  ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар минтақаҳо дар моҳҳо январ-декабри соли 2015 (млн. сомонӣ)
 

 

    

 
    То ҳол ширкатҳои мобилӣ ва интернетровайдерҳои Тоҷикистон тағйиротро дар хизматрасониҳояшонро эълон накардаанд. Агар ин тамоюл дар солҳои минбаъда низ давом кунад. Онгоҳ мавқеи Тоҷикистон дар бозори телекоммуникатисонӣ заиф хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки Асомиддин Атоев коршиноси ТИК иддао мекунад, ки имконоти кишвари мо барои соҳиб шудани бозори телекоммуникатсия фарох аст. Мо метавонем чун кишвари транзити дар минтақа нуфуз дошта бошем. Аммо бо то рафт ин зарфият кам мешавад, зеро бозингарони дигар вориди ин бозор шуда истодаанд. Афғонистон қаламравӣ мувофиқест, ки ширкатҳои Тоҷикистон метавонанд, бозори онро соҳиб шаванд. Ширкатҳои қазоқӣ алакай ба Афғонистон роҳ ёфтанд, лекин масири транзити барои онҳо Туркманистон шуд, бовуҷуди он ки ҳам барои Афғонистон ва ҳам ширкатҳои қазоқӣ Тоҷикистон роҳҳаттар буд, чунки ҳам масофа наздик аст ва ҳам бозори интернет дар Тоҷикистон шаффофтар аз Туркманистон. Бо ин ҳама ҳанӯз имконот аз даст нарафтааст.  Мутахассисон мегӯянд, ҳукумат метавонад дар ҳамохангӣ бо операторони мобилӣ ва интернетӣ аз тамоми имконоти телекоммуникатсионӣ  истифода кунанд, натанҳо аз вазъи ногувори молӣ раҳо меёбанд, балки даромадҳои худро чандин баробар зиёд намоянд.
                                                       


Комментарии