Сабақҳои “Бухорои Шариф”

Ё чаро матбуоти муосири мо барои ҷойгоҳи хуб бояд кӯшиш намоянд?

        11-уми март аз нашри аввалин рӯзномаи сирф тоҷикӣ 104 сол пур мешавад. Ин сана чун “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил мегардад, ки ба таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” рабт дорад. Онро сарманшаи матбуот ва ҳамин гуна журналистикаи касбии тоҷик ном мебаранд. Ҳарчанди гузашти 104 сол барои матуботи тоҷик яксону ҳамвор набуд, аммо аз нигоҳи имрӯз ба фаъолияти “Бухорои Шариф” менигарем, як монандии амиқ ба вазъи кунунии матуботи тоҷик дорад. Агар ба “Бухорои Шариф” раҳидан аз фишорҳои сиёсӣ ва боқӣ мондан дар Бухорои амирӣ муҳим буд, пас ҳоло нашрияҳои тоҷикро   истодагарӣ дар бозори ВАО   талоши асосист.

  Дар замоне, ки “Бухорои Шариф” ба фаъолият оғоз кард, сиёсатҳои давр ҳеч афкори тоза ва маорифпарваронаро қабул надошт. Бухоро амирӣ ҳамоно пойбанди ҷаҳолатҳо буд. Ба вуҷуд омадани минбари андешаҳои замонавӣ, он ҳам дар шакли нашрия барои Аморати Бухоро тасаввурнопазир буд, вале ташкилкунандагони “Бухорои Шариф” ин қолабҳои шахшудаи даврро бо роҳҳои хеле нуктасанҷона шикастанд ва муҳимтар  аз ҳама матуботи касбии тоҷикро асос гузоштанд, ҳарчанд, он қариб як сол ва 151 шумора чоп шуд. Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, ки нақш ва ҷойгоҳи “Бухорои шариф”-ро меомӯзад, бар ин аст, маҳз мактаби ин нахустрӯзномаи тоҷикӣ буд, ки нашрияҳои мо дар даврони Шуравӣ ҳам роҳи худро пайдо намуданд: “Барои ин баҳоро гуфтан мо бояд ба ёд биёрем, ки он чӣ муҳите буд, чи солҳое буд. Худ фаъолияти кардани “Бухорои шариф” дар он даврон як қаҳрамонист. Пас аз он ки он аз фаъолият монд, вале рӯзноманигории тоҷик аз он ҷо шурӯъ шуд. Онҳое, ки дар ин нашрия кор мекарданд, минбаъд барои ба вуҷуд омадани нашрияҳои тоҷикӣ ва ба сатҳи касбият расидани рӯзноманигории тоҷик саҳмгузор буданд. Сабақи дигари “Бухорои Шариф ” дар он буд, ки ба истилоҳоти рӯзноманигорӣ ё журнализми тоҷик ҳам асос гузошт, яъне он мафҳуму истилоҳоти гуногуни фаъолияти рӯзноманигорӣ, шурӯъ карда аз номгузории рӯзнома, ҷо ба ҷо кардани мавод, саҳифабандӣ ва ҳатто ба таъкид бояд гуфт, ки ҷой додани эълону реклама дао рӯзномаҷот аз “Бухорои Шариф” оғоз мегардад.      
Таъсисидиҳандагон ва кормандони ин нашрия ғояҳои маорифпарвариро тарғиб мекарданд. Он замон, ки амрирони Аморати Бухоро бо равиши куҳна ва ҷаҳолатпешаву тангбинонаи хурофтӣ ҳукмронӣ доштанд, усулан ҳеҷ майле ба арзишҳо ва донишҳову шароити навро  қабул намекарданд. Авҷи маорифпарварӣ ва бедории мардум дар Осиёи Миёна, аммо берун аз марзҳои Аморати Бухоро ҷараён дошт. Пешқадамони Бухоро низ маҷбур буданд, афкори тозаро ба ҳар шакле ба мардум расонанд ва ҷомеаро дар муқобили хурофоту таассуб, ки решаи он ҳам ба иродаи ҳокимон вобаста буд, бедор созанд. Аз ин нигоҳ, “Бухорои Шариф” дар тарғиби маорифпарварӣ, худшиносии миллӣ ва бедориҳои сиёсии маруми тоҷик аҳамият ва ҷойгоҳи махсус дошт. Қатъ намудани фаъолияти он ҳам ба ин талошҳои ислоҳоттабалона онҳо рабт дошт: “Ҳарчанд дар оғоз “Бухорои Шариф” ба худ мақсаде гузошта буд, ки ба масоили сиёсӣ ба маънои имрӯза чандон даст  намезанад, балки тарбияи динию фарҳангӣ ва маърифатиро пеши худ мегузорад. Вале пас аз нашри чанд шумора тамоили тарбияи худшиносии миллӣ дар он боло гирифт. Як сабаби иҷборан бо пешниҳоди элчихонаи Русия дар Бухоро ва амри амири Бухоро баста шудан дар он буд, ки  ба танқиди сохти мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ даст зад ва тафаккури мардумро ба он такон медод, ки бояд ислоҳоти иҷтимоию сиёсӣ зудтар   дар ин мулк гузаронида шавад. Чун муаллифон ва кормандони он ҳис мекарданд, ки бе гузаронидани ислоҳот рушди мардум ва ба истиқлоли фикрӣ расонидани мардум кори мушкил аст. Аз ин хотир, дар марҳилаи дуюми фаъолияти ин нашрия худшиносӣ ва мулкдорӣ ё ба дасти худ гирифтани идораи мулк хеле боло гирифта буд. Агар ҳоло он замонро ба баҳо диҳем, хоҳем дарёфт, ки “Бухорои Шариф” дар шакл гирифтани афкори миллӣ ва тафаккури сиёсӣ хизмати беҳо кардааст”.- мегӯяд Қироншо Шарифзода. Бо ҳамин сабаб, “Бухорои Шариф” баста шуд, аммо дар давраҳои минбаъда садҳои нашрияи дигар ба миён омад. Вобаста ба сиёсатҳои давр ҳадафҳои онҳо низ гуногун буданд. Замони Шуравӣ, ки моҳиятан ба афкори коммунистӣ пайравӣ мекард, расонаҳои он замон низ ба ин мақсад ташкил ва фаъолият мекарданд. Дар умум, фаъолияти онҳо якранг буд, ҳарчанд саҳми расонаҳои Шуравии тоҷик ба сарнавишти фарҳангию маънавии халқи тоҷик  аҳамияти бузург дорад. Аммо даврони истиқлолияти кишвар як марҳилаи нави матбуот ва дигар ВАО-ро ба вуҷуд овард, метавон ин давраи марҳилаи рушди журналисткаи миллӣ номид, чун Тоҷикистон ба ҳайси давлати миллӣ шинохта ва сиёсати мустақили худро пеша намуд. Табиист, низоми иттилоотӣ низ дар паноҳи арзишҳои миллӣ шакл гирифт.

Бесомонии кишвар раванди инъикоси афкори холисонаи умумимиллӣ ва ҳимояи арзишҳои миллиро  то як муҳлати муайян халалдор мекард, матбуоти дар маркази суйистифода барои саҳнасозӣ ва зеҳнсозиҳо гурӯҳҳои сиёсӣ қарор гирифтанд. Баргашти суботи сиёсӣ расонаҳои хабариро низ ба таври чашмрас ба манфиатҳои миллӣ наздик сохт ва гуногунрангӣ дар фазои иттилоотӣ пайдо гашт.  Ба назари Мурод Муродӣ профессори риштаи журналистика ин яке аз махсусиятҳои журналистикаи тоҷик аст: “ Воқеан мо дар замони истиқлолият як низоми замонавӣ ва рангоранги ВАО-ро ба вуҷуд овардем. Заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ барои ташкили расонаҳои муосир, аз ҷумла матбуоти даврӣ мусоидат намуд. Ин дар аввал пеш аз ҳама ба матуботи мо дар замони истиқлол имкон дод, ки якрангии пешинро рахна намояд. Матбуоти мо ба як низоми гуногунтипа мубаддал гардид. Имрӯз мо аз рӯйи таъинон, намуд ва тип тамоми шаклҳои матбуоти давриро соҳиб ҳастем”.  Ин ҳарфҳо барои муқоисаи замонии матбуоти тоҷик дар давраҳои гуногун буд.  Вале бо вуҷуди ин ҳама фаъолияти матбуот дар шароити феълӣ ба воқеияти  нав рӯ ба рӯст. Таббиист, ки пайдоиши ҳар воситаи нави хабаррасонӣ ба тарзи фаъолияти дигар воситаҳои таъсир мегузорад. Зуҳури Интернет дар Тоҷикистон ба системаи иттилоотӣ таъсири амиқ гузошт ва вижагиҳои дигарро дар пахш ва инъикоси масоили рӯзмара ба миён овард.  Чунин тамоюл пеш аз ҳама ба матбуот асар гузошт ва то як анзода бозори онҳоро танг ва рисолаташонро тағйир дод. Ин воқеият шабеҳияти усулии фаъолияти “Бухорои Шариф”-ро матбуоти муосири ба истилоҳ мустақили мо бештар мекунад. Чаро таъсисдиҳандагони “Бухорои Шариф” дар он тангнои сиёсӣ тавонистанд, онро ташкил диҳанд ва матбуоти муосир бошад, дар як фазои боз бозори худро ҳифз карда наметавонанд? Ин масъалаест, ки пеш аз ҳама ба сатҳи касбият ва бозорёбию бозоршиносони соҳибрасонаҳо тааллуқ мегирад. Ба андешаи Мурод Муродӣ акнун расонаҳои чопиро зарур аст, ки ба матолиби таҳлилӣ бештар таваҷҷуҳ кунанд, то иттилоотӣ. Чун интернет дигар фаврияти пахши иттилоъро  соҳиб шудааст: “Бо рушди васоити электронӣ (ВЭА), аз ҷумла интернет, баъзе аз вазифаҳо ва рисолате, ки қаблан расонаҳои чопӣ доштанд, аз даст медиҳанд. Ман дар назар дорам, фаврияти пахши иттилоъро. Бо гузашти даврҳо мо ба рӯзномаи ба маънои том ҷавобгӯ ба моҳияташ ноил ҳам шудем. Бо вуҷуди ин, замон ҳамеша дар тараққиёт аст, воқеаҳои нав ҳар лаҳза рӯй медиҳанд ва дар инъикоси онҳо интернет бартарӣ дорад. Ин андешаи дигарро ба вуҷуд меорад, ки матбуот бояд рисолаташаро дигар кунад. Имрӯз матбуот ба минбари иттилоот не, балки ба минбари афкор табдил ёфтааст. Бояд ҳам биёбад. Матбуоти мо ҳам ба ҳамин самт иқдом гузошта истодаанд ва як навъ дарки масъулияти касбӣ эҳсос мешавад. Ба матолиби рӯзномаҳои чи расмӣ чи мустақилу хусусӣ назар надозем, асосан мубодилаи афкор ба назар мерасад. Ин омил аз як нигоҳ хуб ҳам ҳаст, ки аудиторияро ҷудо мекунад. Ҳоло хонандагони матбуот назару андеша ва чаҳонбинию муносибаташон хубтар аст ”.  Боло рафтани сатҳи маърифати муштариёни матбуот ҳамзамон метавонад, доираи хонандагонро онро маҳдуд намояд. Дар ин сурат оммавияти расонаҳои чопӣ коста ва рисолати таъсиррасонӣ ба диду назари ҷомеа кам мегардад.
Албатта, раванди хатарноке мисли кам шудани адади нашри рӯзномаҳо идома дорад. Дар Тоҷикистон ҳам тенденсия зарбазании Интернет ба адади нашри матбуот ба вуҷуд омадааст. Бозори расонаҳои чопӣ то рафт танттар мешавад, ки ин таъсирот бештар ба нашрияҳои сифатии сиёсӣ ва иттилоотӣ дида мешавад. Аммо ба андешаи аксари муҳаққиқон ин тамоюл ба маънои коста шудани  мақоми нашрияҳои чопӣ набояд бошад. Барои истодагарӣ дар бозор бояд роҳҳои навро ҷуст. Ҳоло бештар аз ҳама мо ҳамбастагии камрангии Интернет бо матбуоти давриро мушоҳида мекунем. Барои нашрияҳо набояд интернет фақат манбаи хабар, балки роҳи иловагии ҷалби аудитория ва ҳатто бозорёбию даромади молӣ  қарор гирад.  Ҳарчанд мо намунаи интернет-нашрияҳоро мебинем, вале ба маънии пурра онҳо ба талаботи бозори иттилоотӣ ҷавобгӯ нестанд. Ба ғайр аз нашрия “Нигоҳ” мисоли дигаре надорем, ки рӯзномаҳои мо обунаҳои электронӣ дошта бошанд. Обуначиёни қаринаи электронии “Нигоҳ” ҳам чандон зиёд нестанд. Фурӯши иттилоот дар фазои маҷозӣ натанҳо дар мислои нашрияҳо, балки агентиҳо хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҳам қариб намуна надорад. Дар интернет-нашрияҳо ва дигар пойгоҳҳои хабарӣ дар интернет реклама ҷойи худро наёфтааст. Як нигоҳи сатҳӣ ба расонаҳои интернетии кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла, Қазоқистон ва Қирғистон кофист, ки мо ба рекламаи интернетии худ баҳо диҳем. Ин омилҳои молӣ боис мешаванд, ки натанҳо матбуоти мо дар шакли чопӣ, балки электронӣ ҳам мақоми худро аз даст диҳанд. Ин ҳолат ҳамзамон метавонад, паёмадҳои бисёр манфӣ дошта бошад. Вақте дилхоҳ нашрия бо сабаби коста шудани доираи хонандагонаш, ба фурӯш нарафтани теъдоди нашр ва наёфтани рекламаи қонунӣ, муассисисони рӯзнома ба ниёзмандии молӣ дучор мешаванд. Дар он сурати дар пайи “сарпарастони пасипардагӣ” ва фармоишҳои ғайриқонунӣ мегарданд, ки беғаразии касбӣ ва рисолати созандагии матбуотро зери суол мебарад. Пай бурдани чунин муносибатҳо дар расонаҳои чопӣ кори мушкил нест.                  
Хоса, кам шудани теъдоди нашри рӯзномаҳои мустақил, ки даромади онҳо аз ҳисоби фурӯш, реклама ва даромади муассис аст, дар шароити феълӣ як амри табиист. Ин ҳолат бештар ба нашрияҳое дахл дорад, ки аз нигоҳи молиявӣ ва мудирият ба ашхоси алоҳида мутаалиқ ҳастанд.  Ин раванд ба нашрияҳои ҳукуматӣ ва кооперативӣ камтар таъсир расонидааст, зеро онҳо бо обуна ва доираи хонандагони худӣ таъминан аз кам ё зиёд шудани теъдоди нашри ин навъ рӯзномаҳо зарари молӣ ба онҳо нахоҳад расид. Вале онҳо маҷбуранд, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон  худро ба тобишҳои бозори иттилоотии муосир мутобиқ намоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам нишон медиҳад, ки дар кишварҳое, ки Интернет ба гунаи олӣ рушд кардааст, нашрияҳои бозори худро ҳифз намуданд. Дар Лаҳистон (Полша) аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хонандагони рӯзномаҳо аз сомонаҳо интернетӣ кам нест ва баръакс дар ин шароит вазъи молии расонаҳо хубтар гардидааст. Ҳатто рӯзномаҳои маҳаллӣ бо теъдоди зиёд чоп мешаванд ва аз ҳисоби сомонаҳои интернетиашон даромади иловагӣ мегиранд, зеро усулҳои муносибат бо аудиторияро дар ин шароит хуб истифода мекунанд. Дар Ҷопон бошад, бисёре рӯзномаҳои чопӣ аз сомонаҳои интернетии худ ба маротиб хонандаи зиёд доранд.  Дар мисоли матбуоти тоҷик шояд таҷрибаҳо то анзодае барои мутобиқ шудан ба талаботи замон намерасад. Мо ҳам муваззаф ҳастем мувофиқи талаботи аудитория иваз шавем, аммо умдворем, ки чунин вазъият барои расонаҳои мо таҷрибаҳои нав хоҳад офарид.
                                                                             Фирдавси Низом, журналист
     Бознашр бо таҳриру иловаҳо аз барномаи “Сиёсат ва расонаҳо”,    Радиои Тоҷикистон  06. 03. 2016с.



Комментарии

Отправить комментарий